Намояндагони Тоҷикистон дар Конференсияи ҳафтуми байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн» иштирок намуданд

Октябрь 21, 2024 17:33

ДУШАНБЕ, 21.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи ҳафтуми байналмилалии истифодабарандагони «Макромайн» дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар конференсия оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок маъруза намуд.

Иброз гардид, ки Саридораи геологияи Тоҷикистон кӯшиш дорад ба истифодаи усулҳои муосире, ки ҳоло дар ҷаҳон барои кашфи конҳо самаранок ба кор бурда мешаванд, дастрасӣ пайдо намояд.

Бо ин мақсад дар лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди геология барои солҳои 2021-2030» барномаи «Макромайн» ворид гардидааст.

Барномаи «Макромайн» дар ҷумҳурӣ давоми даҳ сол пурра татбиқ мегардад.

Ба воситаи ин барнома маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок зарур аст, ба даст омада, он ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб менамояд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, инноватсия ва рақамикунонӣ нармафзори «Макромайн» барои истихроҷи маъдан тақозои замон маҳсуб мешавад.

Имрӯз ин барнома дар соҳаи геология васеъ истифода шуда, бо вазифаҳо ва имконоти нав барои кашидани тарҳи конҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок, тарҳсозӣ ва банақшагирии геологӣ дар 100 давлати ҷаҳон истифода мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ширкати «Макромайн» соли 1986 дар Австралияи ғарбӣ таъсис ёфта, таъминкунандаи барномаҳои замонавӣ барои соҳаи саноати кӯҳӣ мебошад.

«Макромайн» ба геологҳо самти ҳаматарафаи баҳодиҳӣ ба конро нишон дода, ба интихоби қитъаҳои ояндадор равона мекунад.

Инчунин барои муҳандисони кӯҳӣ барнома, шароити банақшагирӣ ва лоиҳаи коркарди конро фароҳам меоварад.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 21, 2024 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд