Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё иштирок намуд

Октябрь 2, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи баргузории Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё таҳти шиори «Дипломатияи варзишӣ» дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Форуми тиҷоратии Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷоратӣ» доир гардид, ки дар он Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода  суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат хабар доданд, Ҷамшед Ҷумъахонзода дар қисмати ҷамъбастии форум бо Раиси Палатаи Қатар Халифа Бин Ҷассим Бин Муҳаммад Ал Тани ва ҳайати Палатаи савдо ва соҳибкорони Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ, иштирок дар чорабиниҳои дар кишварҳои якдигар доиршаванда, аз қабили бизнес-форум, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои дорои хусусияти тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.

 АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Октябрь 2, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд