Оид ба нақши Комиссияи олии аттестатсионӣ дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ таъсиси Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро рӯйдоди фараҳбахшу таърихӣ номид. Вай аз ҷумла гуфт, ки «то замони таъсиси Комиссияи аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишмандони тоҷик рисолаҳои илмии худро бо забони ғайридавлатӣ таҳия карда, дар шуроҳои дисертатсионии назди комиссияҳои олии аттестатсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳимоя мекарданд. Имрӯзҳо пажуҳишгарон имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои илмиашонро бо забони тоҷикӣ таҳия ва ҳимоя кунанд».
Ин иқдомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ дониста, иброз дошт, ки «он метавонад дар масири давлатсозӣ ва дар ҷодаи илм ба истиқлоли комил расидани мамлакат нақши муҳим иҷро кунад. Фаъолияти босамари ин ниҳод имкон дод, ки давоми як даҳсола дар тарбияи кадрҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас даст ёбем».
Давоми 10 сол ба 67 унвонҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Афғонистон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар самти илмҳои ҷамъиятӣ, гуманитарӣ, тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ, аграрӣ, илмҳои табиӣ, математикӣ ва техникӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд, дараҷаи илмӣ дода шуд.
Иброз гардид, ки дарвоқеъ, давоми даҳсолаи охир дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ бештар мафҳумҳои саноати «сабз», шуғли «сабз», сармояи «сабз», энергияи «сабз» ва дигар мафҳумҳо бо ибораи сабз истифода мешаванд. Ҳато баъзе сарчашмаҳо дар хусуси инноватсия ва технологияи «сабз» ҳарф мезананд, ки зери ин мафҳум технологияи нав бо таъсири минималӣ ба муҳити зист фаҳмида мешавад. Аз ҷумла, энергияи алтернативии барқароршаванда, ба монанди обӣ, офтобӣ, бодӣ, нақлиётии бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва сӯзишвориҳои биологӣ низ ба ин гурӯҳ дохил мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба бархе аз ҳозирин дипломҳои дараҷаи илмӣ ва шаҳодатномаи унвони илмӣ тақдим гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»








Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






