Ҳоким Холиқзода: «Бузургтарин корхонаҳои саноатии ҷаҳон ба маъданҳои Тоҷикистон ниёз доранд»
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Давоми 10 соли охир ҳамаи мо шоҳиди ҳодисаҳо ва равандҳое гардидем, ки ҳаёт ва муносибати моро ба бисёре аз паҳлуҳои ҳаёти ҳаррӯзаамон ба куллӣ тағйир доданд. Дар ҳаёти инсоният хатару мушкилоте, ба монанди тағйирёбии иқлим, паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва муноқишаҳо дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон пеш омадаанд. Аз ин рӯ рушди технологияҳои нав, рақамикунонӣ ва инноватсия метавонанд барои мо роҳҳои нави ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба рушди устуворро боз намоянд»,-гуфт муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода имрӯз дар ифтитоҳи нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон дар Душанбе.
Ба андешаи Ҳоким Холиқзода, муҳим он аст, ки имконияти мавҷударо барои баланд бардоштани некӯаҳволии инсон, рушди иқтисодӣ ва устуворӣ истифода барем. Дар ин замина лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва самти инноватсионӣ аҳамияти хосса пайдо менамоянд.
«Боварӣ дорам, ки форуми имрӯза ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин мушкилот ва таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ, махсусан захираҳои энергетикии «сабз» ва захираҳои маъданӣ аст, ки барои иқтисоди «сабз» зарур мебошанд. Тоҷикистон то соли 2037 истеҳсоли неруи таҷдидшавандаро то 98% афзоиш хоҳад дод. Мо ният дорем, ки Точикистонро ба мамлакати сабзу хуррам табдил диҳем. Зимнан, Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи тарҳи бисёрҷониба буда, сохтмонаш тибқи талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад. Бояд гуфт, ки мо ҳоло ҳамагӣ 5% иқтидори гидроэнергетикиамонро истифода бурда истодаем ва 95% ин иқтидор дар интизори сармоягузорӣ қарор дорад»,-изҳор дошт Ҳоким Холиқзода ва илова намуд, ки дар ҷумҳурӣ барои азхуд намудани иқтидори энергияи офтобӣ ва бодӣ корҳо оғоз гардидаанд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён хотиррасон намуд, ки бузургтарин корхонаҳои саноатии ҷаҳон ба маъданҳои Тоҷикистон ниёз доранд ва бо назардошти захираҳои ғании маъдан мамлакат метавонад дар ин самт шарики калидӣ гардад. Дар Тоҷикистон беш аз 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам ва ғайра кашф шудаанд, ки аксари онҳо аллакай қисман азхуд карда шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад оғоз гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи мониторинги пиряхҳо, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳаво Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва вилояти Қазвини Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Дар ноҳияи Деваштич шудгори заминҳо оғоз гардид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 611 гектар замин шудгор карда мешавад
Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баррасӣ карда шуд
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба солимии ҳайвонот конференсияи байналмилалӣ баргузор намуд






