Олимони Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд

Октябрь 6, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати олимони Институти илмии таҳқиқоти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Ланчжои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти тибби ветеринарии ин академия хабар доданд. 

Олимони чинӣ бобати ташхиси саривақтии бемориҳои фаромарзӣ бо истифода аз усулҳои муосир барои кормандони Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон даврҳои омӯзишӣ баргузор намуданд.

Усулҳои муосир барои ташхиси гули бузу гӯсфандон, илтиҳоби гиреҳи пӯстӣ, тоуни чорвои хурди шохдор, вабои суму даҳондард истифода гардида, аз ҷониби коршиносони чинӣ маҷмуи ташхисҳо барои муайянсозии ин бемориҳо дастрас гардид.

Ҳамчунин коршиносони чинӣ бо фаъолияти якчанд хоҷагии чорводорӣ шинос шуда, фаъолияти масъулини ин хоҷагиҳоро дар роҳи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Коршиносони чинӣ бо озмоишгоҳҳои институт ва фаъолияти олимони тоҷик шинос шуда, барои тавсеаи ҳамкории илмию таҳқиқотӣ олимони тоҷикро барои шиносоӣ ба институтҳои таҳқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват карданд.

АКС: Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад