Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 10, 2024 18:16

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатиамон мешуморем.

Мавзӯъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши дуҷонибаи мол шудааст.

Изҳори итминон карда шуд, ки муколамаи кунунии роҳбарият ва аъзои ниҳодҳои парлумонии ду кишвар дар Душанбе барои пешбурд ва таҳкими рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ хидмат хоҳад кард.
Мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко 10.10.2024

Октябрь 10, 2024 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026