ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия

Октябрь 21, 2024 14:56

ДУШАНБЕ, 21.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Миллати тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар охири садаи гузашта ба дастоварди бузурги таърихию сарнавиштсоз – Истиқлоли давлатӣ шарафёб гардида, дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ фарзанди накӯному хирадманди худро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз тавассути ҳамин воқеаи муҳимми таърихӣ ба қабули Конститутсия, оғози раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат дар саросари мамлакат расидем.

-Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон пайдо гардида, сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона амалӣ намояд ва ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорад.

Вале расидан ба ин мақсадҳои бузург танҳо баъд аз Роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат давлатдории миллӣ эҳё гардид. Ҳамзамон принсипҳои асосии он дар ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуданд.

Пешвои миллат зарурати қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳанӯз дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст».

Бо дарки муҳиммияти қабули Конститутсия барои рушди давлатдории навин, дар шароити басе душвор ва мураккаб барои мамлакат ва мардуми он Пешвои миллат талоши онро намуданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи зудтар қабул гардад.

Зеро маҳз ҳамин санад метавонист ҳамчун сарчашмаи ягонаи таъмини давлатдории навин, сулҳу оромӣ, назму тартибот, қонунияту адолат ва танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат кунад.

Воқеан, дар чунин шароити душвор қабул шудани ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо аз муҳиммияти он дар истиқрори сулҳу ваҳдат, балки аз хирадсо­лории Пешвои миллат дарак медиҳад.

Конститутсия- нишони фаъолияти расмии ҳокимияти давлатӣ

Маъмулан, конститутсия ҳамчун шиносномаи миллат ва нишони фаъолияти расмии ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст.

Тоҷикистон асосан баъди қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлоли комили худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Дар ин санади сарнавиштсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шуд.

Ҳамзамон дар ин ҳуҷҷати таърихӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ чун рамзҳои давлатӣ қабул гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият муайян шуданд.

Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари аслии соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад». Ин аст нишони равшани мардумсолорӣ ва инсонмеҳварии мактаби сиёсии Пешвои миллат.

Пас аз қабули Конститутсия дар мамлакат шароит фароҳам омад, ки раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ маҷрои нав гирифта, Ваҳдати миллӣ таъмин карда шавад, суботу амният барқарор гардида, мамлакату мардуми он ба сӯи ҳаёти осоишта қадамҳои устувор гузоранд ва аз пайи амалисозии меъёрҳои конститутсионӣ бошанд. Яъне бо истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои амалишавии меъёрҳои Конститутсия имконияту шароит фароҳам омада, мардум бо истифода аз фазои сулҳу оромӣ ва суботу осоиш марҳила ба марҳила ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ интихоб намуда, дар бунёди давлати навини тоҷикон саҳм гузоштанд ва умед ба фардои дурахшонро дар қалбҳои худ дубора эҳё сохтанд.

Дарвоқеъ, солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ, ки тоҷикон бо роҳбарии Пешвои муаззами худ ба музаффарияти бузург ноил шуданд, даврони ҳикматомӯзи таърихӣ аст. Зеро қадру манзалат ва ҳикмату бузургии он бо мурури замон ба таври фарохтар, азимтар ва пурҷилотар эҳсос хоҳад шуд.

Ҳамаи ин ба шарофати қабули Конститутсия ва амалишавии меъёрҳои он муяссар гардид.

Дар ин радиф бояд иброз дошт, ки нақши Пешвои миллат дар таҳия, қабул ва амалишавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои конститутсионӣ хеле назаррас ва арзишманд аст.

Аз ҷумла, бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат комиссияи конститутсионӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил гардид. Комиссия ҳуҷҷате омода кард, ки ба шароит, вазъият, мафкура, фарҳанг, таърих ва хусусияти давлатдории миллии мардуми Тоҷикистон комилан мувофиқ бошад.

Ба таври мушаххас нақши Пешвои миллатро дар ин самт чунин арзёбӣ кардан мумкин аст:

Аввалан, чунонки гуфтем, маҳз бо иқдоми Пешвои миллат дар фазои мураккаби сиёсӣ ба хотири ҳифзи истиқлол, суботи сиёсӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфт. Комиссия зери роҳбарии Пешвои миллат ду лоиҳаи Конститутсияро омода намуд. Асоси онро Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд, зеро зарур буд, ки дар Конститутсия асосҳои ҳуқуқии ин рӯйдоди таърихӣ мустаҳкам карда шаванд.

Дуюм, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия низ аз иқдоми Пешвои миллат буда, ҷонибдории халқ аз лоиҳаи конститутсияе, ки дар худ шакли идоракунии президентиро муқаррар мекард, аз ҳамовозии мардум ва Сарвари давлат шаҳодат дод, зеро маҳз шакли давлатдории президентӣ вобаста ба омилҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ барои давлатдории навин дар мамлакати мо мусоид ва самаранок буд.

Сеюм, дар моддаҳои Конститутсия меъёрҳое муқаррар гардиданд, ки аз хирадсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳварии Пешвои миллат дарак медиҳанд. Ҳамчун намуна метавон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ, низоми сиёсии демократӣ, гуногунандешӣ, тағйирнопазирии ҳудуди Тоҷикистон ва нуқтаҳои дигари ин санади таърихиро баён намуд.

Чорум, марҳила ба марҳила ташаббус нишон додани Пешвои муаззами миллат барои амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ барои пешрафти ҷомеа, дигаргуншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инкишофи забони давлатӣ, мутобиқгардонӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсири манфӣ ва мусбати ҷаҳонишавӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 низ далели нақши Пешвои миллат дар такмилу таҳкими асосҳои конститутсионии давлати муосири тоҷикон аст.

Панҷум, махсусан дар амалишавии меъёрҳои конститутсионӣ нақши Сарвари давлат ниҳоят бузург аст, зеро бо ташаббуси Роҳбари давлат фаъолияти мақомоти конститутсионӣ танзим ва мустаҳкам гардида, ҳамаи онҳо имрӯз дар пешрафти давлатдорӣ саҳми мушаххас мегузоранд.

Шашум, бо инобати аҳаммияти хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлатдории миллӣ бахшида ба 30-солагии қабули он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида, 30- солагии қабули ин санади таърихӣ дар мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Конститутсия- санади олии арзишманди давлатдорӣ

Дар маҷмуъ, иқдоми Пешвои миллат дар омодасозӣ, қабул ва такмили Конститутсия дар марҳилаҳои ҳассоси пойдоршавии давлати навини тоҷикон нақши муассир гузошт. Ҳамаи ин аз арзишмандии ин санади олии давлатдорӣ дарак медиҳад, ки онҳоро дар шакли зерин ифода намудан имкон дорад:

Конститутсия дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул шуда, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи ояндаи ҷомеаи моро муайян намуд.

Воқеан, агар ба таърихи қабули Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ назар афканем, он дар натиҷаи тағйирёбии куллии ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне гузариш аз сохти ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷумҳурии демократӣ қабул гардидааст. Зеро гузариш ба ҷомеаи нав ва мавҷудияти қонунҳое, ки ба талаботи ин ҷомеа ҷавобгӯ нестанд, имкониятро дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аз байн мебарад. Аз ҳамин лиҳоз, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ба миён омад ва бо ташаббуси Пешвои миллат комиссияи конститутсионӣ ташкил гардида, 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ ва давраи гузариш ба давлатдории навин қабул гардид. Ҳамчунин дар Конститутсия меъёрҳое, аз қабили давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амсоли инҳо пешбинӣ гардиданд, ки дар он солҳои мураккаб барои миллату давлат ва мардуми мамлакат роҳи дурахшони ояндаро муайян карданд.

Зеро дар он солҳои душвор расидан ба ин ормонҳои миллӣ пешгӯинашаванда маҳсуб мешуд. Аммо новобаста ба ин душвориҳо мардуми мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат таҳкурсии конститусионии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоиро гузошта, дар раванди таърих мо давра ба давра ба ин арзишҳои давлатдорӣ соҳиб гардидем.

Конститутсия дар назди давлат вазифаҳои нав гузошт

Конститутсия на танҳо натиҷаи бадастомадаро дар ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос кард, балки дар назди давлат вазифаҳои нав гузошта, фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ба танзим даровард.

Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳои миллати тоҷикро, ки давоми ҳазорсолаҳо ба даст омадаанд, инъикос намудааст. Аз ҷумла, меъёрҳои он дар заминаи ба эътибор гирифтани арзишҳои давлатдорӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва мафкураи миллӣ таҳия ва қабул гардида, давлат барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас муваззаф гардидааст.

Дар баробари ин, Конститутсия тартиби ташкилу фаъолияти сохторҳои муҳимми давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд, прокуратура, ҳизбҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои диниро муайян намудааст. Ба ибораи дигар, инҳо ниҳодҳои калидии давлатдорӣ мебошанд, ки таъсис, фаъолият ва нақши онҳо дар пешбурди давлатдории навин тибқи меъёрҳои Конститутсия амалӣ мешавад.

Конститутсия-заминаи ҳуқуқӣ барои амалигардонии сиёсати хориҷии давлат

Дар ин санад муайян гардидааст, ки ҳангоми ба амал баровардани сиёсати хориҷии мамлакат дар мадди аввал меъёрҳои Конститутсия гузошта мешаванд. Аз ҷумла, дар моддаи 11 навишта шудааст, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян мекунад. Ҳамчунин, ҳангоми тасдиқ намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқати онҳо ба Конститутсия ба инобат гирифта мешавад. Зеро Конститутсия ифодаи иродаи халқи Тоҷикистон буда, ягон санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба он мухолиф буда наметавонад. Ҳамзамон дар Конститутсия заминаи ҳамкории давлат бо ҳамватанони бурунмарзӣ омадааст.

Конститутсия-муқарраркунандаи мақоми мафкураи сиёсӣ дар ҷомеа

Дар моддаи 8 Конститутсия омадааст, ки дар Тоҷикистон мафкураи ягон ҳизб ва ё гурӯҳҳои муайян ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намегардад.

Ин муқаррарот ба мо имкон дод, ки ба бунёди ҷомеаи дунявӣ дастёб гардем. Агар ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсия назар афканем, он дар шароити бисёр душвори мамлакат қабул гардидааст ва интихоби роҳи дунявият дар он замон кори басе мураккаб буд. Аммо ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, бо ҷасорату истодагариҳои Пешвои миллат моҳияти давлатдории мо ҳамчун давлати дунявӣ мураррифӣ гардид. Яъне, ҷомеае, ки дар он ҳар кас метавонад динеро пайравӣ кунад ва ё пайравӣ накунад, дар интихоби дин, ақида, андеша озод бошад ва риояи онҳоро Конститутсия кафолат медиҳад.

Конститутсия- асоси низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқии нав

Конститутсия танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сарчашмаи асосӣ барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо асосан ифодагари мафкуравии меъёрҳои конститутсионӣ мебошанд. Воқеан, таҷрибаи давлатдории миллӣ нишон дод, ки ин вазифаи худро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зарурӣ ба анҷом расонид. Зеро аз лаҳзаи қабул гардиданаш то ба имрӯз дар заминаи он ҳазорҳо санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд.

Конститутсия тавассути танзими муносибатҳои ҷамъиятии муайян, пешбинии вазифаву уҳдадориҳо дар пешрафти давлат ва ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши сазовор гузошт. Ҳамчунин Конститутсия дар низоми қонунгузорӣ ҳуҷҷати заминавӣ ба ҳисоб рафта, доира ва хусусияти танзимсозии давлатиро дар ҳама соҳаҳои асосии ҷамъият муайян менамояд. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии қонунгузории мамлакат ба шумор рафта, дар такмили қонунгузории миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ нақши асосиро доро мебошад.

Конститусия-таъминкунандаи дурнамои рушди халқу давлат

Вобаста ба ин хусусияти Конститутсия Пешвои миллат иброз намудаанд, ки «Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯйи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолият муҳайё созем».

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили ҷашни 30-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватанамон маҳсуб мешавад.

Мо ва наслҳои оянда бояд дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун арҷ гузорем ва ҳамеша ба амалҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамон пайравӣ намоем.

Фирдавс ҲАЁТЗОДА,
муовини якуми Роҳбари
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2024 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон