Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 17, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. 

Нахуст, Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонии иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 7 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба кормандони ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Иншоот ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш мебошад.

Ҳуҷраҳои дохили бино дар фасли сармо тариқи системаи гармидиҳии мустақили ангиштӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.

Саҳни иншоот пурра чароғон буда, барои таъмини зебоӣ дар ин мавзеъ гулу дарахтони сояафкан шинонида шудааст.

Бинои хуштарҳу замонавӣ дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони ин ниҳод ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароити фароҳамшуда, аз кормандони ин ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин имкони беҳтарини кору фаъолият, ба нафъи давлату миллат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 17.10.2024

Октябрь 17, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд