Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба ятимон ва маъюбон туҳфа тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд.
Тибқи иттилои масъулин ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим, аз ҷумла 7 нафар ятими кулл ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳоло дар ноҳия барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо як мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва як мактаб-интернати наздимактабӣ фаъолият менамояд.
Бо давра ба давра таҳким бахшидани муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарасторе, ки бо амри тақдир аз падар ё модар маҳрум мондаанд, сатҳу сифати нигоҳубини онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба маротиб беҳтару хубтар мешавад ва ин раванд оянда низ идома меёбад.
Хурсандиовар аст, ки дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шахсони алоҳида ба ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмак расонида мешавад.
Ятимону маъюбон суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо суханҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат ба зиндагияшон умеди тоза мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо ятимону маъюбон иштироки онҳоро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти таъмини иштироки фаъолонаашон дар ҳама озмунҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расидан дастуру маслиҳатҳо доданд.
Сарвари давлат ба ятимону маъюбон либос, ширинӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд, ки ин боиси шодию нишоти онҳо гардид.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






