Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 10, 2024 12:15

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибофро дар доираи сафари расмиашон ба Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бо шумули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки «мо кишвари дӯсту бародари Эронро шарики муҳимми худ дар минтақа арзёбӣ мекунем».

Нақши парлумонҳои ду кишвар дар рушду тавсеаи равобити Тоҷикистону Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф махсус таъкид гардид. Дар ин зимн ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созандаи парлумонӣ ва тақвияти бештари фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва дорусозӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хидмат менамояд.

Густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои муштарак аз вазифаҳои дигари парлумонҳо дониста шуд.

Ҷонибҳо нақши ҳамкории байнипарлумониро ҳамчунин дар пойдории сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ниҳоят муҳим арзёбӣ намуданд.
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф 10.10.2024

Октябрь 10, 2024 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд