Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар фурудгоҳ аҳли санъату ҳунар барномаи рангини фарҳангиро, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ ва хизматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешрафти кишвар мебошанд, пешниҳод намуданд.
Ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарҳу ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшида, дар самти расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кӯҳистон мусоидат мекунад.
Сокинони шаҳри Хоруғ аснои истиқболи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодиву сурур ва эҳтироми худро нисбат ба Роҳбари давлат то кӯчаҳои марказӣ ва ду хиёбони асосӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонӣ нишон доданд.









Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






