Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд

Октябрь 12, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 12.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят-шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Дар фурудгоҳ аҳли санъату ҳунар барномаи рангини фарҳангиро, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ ва хизматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешрафти кишвар мебошанд, пешниҳод намуданд.

Ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба шарҳу ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшида, дар самти расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кӯҳистон мусоидат мекунад.

Сокинони шаҳри Хоруғ аснои истиқболи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодиву сурур ва эҳтироми худро  нисбат ба Роҳбари давлат то кӯчаҳои марказӣ ва ду хиёбони асосӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонӣ нишон доданд.
Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ 12.10.2024

Октябрь 12, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд