Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Свердловск ҳамкориро тақвият медиҳанд

Октябрь 30, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 27 октябр намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои муқаррароти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути муаррифии иқтидори сайёҳии мамлакат ва ба ин васила ҷалби бештари ҷаҳонгардон ба шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафар намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 29 октябр дар бинои Маркази фарҳангӣ ва тиҷоратии «Борис Ельцин» вобаста ба муаррифии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҷамъомад имконият ва маконҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон тариқи рӯнамо муаррифӣ шуданд.

Ширкатҳои сайёҳии ду ҷониб вохӯрӣ намуда, оид ба рушди ҳамкории соҳаи сайёҳӣ шартномаҳо ба имзо расониданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба меҳмонон аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон оши палов пешниҳод шуд.

Ёдовар мешавем, ки сафари намояндагони Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия то 31 октябр идома меёбад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 30, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид