Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои мутобиқгардонии низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ бори нахуст бо забони давлатӣ тарҷума гардид.
Он дар сомонаи расмии Фонди Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (IFRS Foundation) бо нишонии www.ifrs.org ва дар сомонаи Вазорати молия бо нишонии www.moliya.tj нашр шудааст.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






