Тӯфони нави тропикии «Надин» ба Амрикои Марказӣ наздик мешавад

Октябрь 21, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 21.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар баҳри Кариб тӯфони тропикии «Надин» ба вуҷуд омад, ки ба соҳили Белиз фурӯ мерезад. Бар асари он дар ин минтақа, аз ҷумла дар нимҷазираи Юкатани Мексика боронҳои шадид меборанд, хабар медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба агентии Bloomberg.

«То ин муддат суръати баландтарини шамоли тӯфон тақрибан ба 64 километр дар як соат расидааст. Тӯфон ба самти ғарб бо суръати тақрибан 12 километр дар як соат ҳаракат мекунад»,-иттилоъ доданд дар Маркази миллии ИМА оид ба мушоҳидаи тӯфонҳо. Дар минтақаҳои байни Белиз ва сарҳади давлатӣ бо Мексика аллакай ҳушдори омадани тӯфон дода шудааст. Он дар худи Мексика низ амал мекунад. Тасмим гирифта шуд, ки он аз шаҳри Тулум то сарҳади Белиз ҷорӣ карда шавад.

Шаби 10 октябр тӯфони Милтон ба соҳили Флорида расид. Маркази он дар хушкӣ, дар наздикии шаҳри Сиеста-Ки, воқеъ дар ҳавзаи Сарасота дар соҳили ғарбии иёлот ҷойгир будааст. Ба иттилои расонаҳо, бар асари тӯфон 16 нафар ҳалокат шудаанд. Дар ҷараёни тахлия зиёда аз 5 миллион нафар иёлатро тарк карданд. Бар асари тӯфон дар Флорида беш аз 3 миллион нафар бе барқ ​​мондаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 21, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик