Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳоро ба маблағи беш аз 8 миллион евро ба имзо расониданд

Октябрь 1, 2024 20:48

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо тағйирот ба созишномаи грантӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба маблағи 1,35 миллион евро ва созишномаҳои қарзии имтиёзнокро барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» дар ҳаҷми 4,0 миллион евро, инчунин лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара»-ро ба маблағи 4,0 миллион евро ба имзо расониданд.

Мақсади асосии лоиҳаҳои имзо шуда ин сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда буда, баҳри беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кумаки техникӣ ба маблағи 1,6 миллион евро ҷудо мегардад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2024 20:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст