Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон (U17-18) иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 октябр то 3 ноябр шаҳри Будваи Черногория мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон (U17-18) мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон 9 варзишгар иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Муинхуҷа Муминов (48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Шодмеҳр Давлатов (57 кг), Дамир Мубайлихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (71 кг) ва Зиёратшо Қосимов (75 кг) иштирок менамоянд.
Дар ин мусобиқа варзишгаронро мураббиҳо Луйс Владимир, Эмомалӣ Малаев, Файзуллоҳ Алиев ва Носир Азимов низ ҳамроҳӣ менамоянд. Акмалҷон Амирзода дар ин мусобиқа ба ҳайси довар интихоб шудааст.
Дар мусобиқа 660 муштзан аз 88 давлат иштирок мекунанд. Варзишгарони тоҷик давоми ду ҳафта дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамринҳои дастҷамъона гузарониданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»






