Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон (U17-18) иштирок мекунанд

Октябрь 20, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 20.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 октябр то 3 ноябр шаҳри Будваи Черногория мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон (U17-18) мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон 9  варзишгар иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Муинхуҷа Муминов (48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Шодмеҳр Давлатов (57 кг), Дамир Мубайлихонов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (71 кг) ва Зиёратшо Қосимов (75 кг) иштирок менамоянд.

Дар ин мусобиқа варзишгаронро мураббиҳо Луйс Владимир, Эмомалӣ Малаев, Файзуллоҳ Алиев ва Носир Азимов низ ҳамроҳӣ менамоянд. Акмалҷон Амирзода дар ин мусобиқа ба ҳайси довар интихоб шудааст.

Дар мусобиқа 660 муштзан аз 88 давлат иштирок мекунанд. Варзишгарони тоҷик давоми ду ҳафта дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамринҳои дастҷамъона гузарониданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Октябрь 20, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад