Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барзиёд иҷро намуд
ХОРУҒ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барзиёд иҷро намуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хоруғ- аз хурд то бузург ба кӯчаву хиёбони марказӣ баромада, бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписарони синни даъватиро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд. Дар ин ҷо ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар, аз ҷумла раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайни онҳо баргузор гардид.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои сари вақт ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос баён намуд.
Изҳор гардид, ки ин далели дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад.
Соли ҳафтум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст мекунанд ва ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд. Хизмат кардан ба Ватан- ин хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстию миллатдӯстиро бо ҳифзи марзу буми Ватан тавъам дониста, чунин изҳор медоранд: «Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии ҷумҳуриро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст- аз хурд то бузург афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».
Зимни ҷамъомад падару модарон ва наваскарон ба саҳна баромада, ба Пешвои миллат бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ изҳори сипос карданд. Кӯдакону наврасон дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистон ва ифтихори ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.
Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






