«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст

Октябрь 4, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои касби мақоми давлатии забони тоҷикӣ зиёиёни миллат дар охири солҳои 80-уми асри гузашта саъю талоши зиёд намуданд ва ба он мақсаде, ки доштанд, расиданд. Аммо шаклгирии забон ва мукаммалгардонии он маҳз тавассути хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, зеро баъди Сарвари давлат интихоб гардиданашон ин забон дар раванди коргузорӣ ба таври ҳатмӣ ва васеъ мақоми хосса пайдо карда, мавриди истифодаи ҳамагонӣ қарор гирифт.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид. Мақсад аз ин ташаббуси наҷибро Пешвои миллат чунин баён намуданд: «Таҷлили Соли забон ба наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ, яъне забони тоҷикии адабӣ, забони осори гаронмояи Рӯдакиву Мавлонои Балхӣ мусоидат менамояд».

Нақши Пешвои миллат ҳамчун ҳомии забони тоҷикӣ аз нахустин рӯзҳои сарвариашон оғоз шуда, бо гузашти айём барои он ки муҳим будани ин масъала дар шароити имрӯзи ҷаҳонишавӣ бештар дарк шавад, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд, ки баъдан шиносномаи забони тоҷикӣ шуд.

Аз рӯи шаҳодати таърих, миллат он вақт арзи ҳастӣ карда метавонад, ки забонаш зинда бошаду дар гуфтугӯ, навишт ва умури коргузорӣ мавриди истифода қарор гирад. Зеро саҳифаҳои таърих шоҳиди барҳақ ҳастанд, ки аксари миллатҳо бо аз байн рафтани забонашон комилан маҳв гардиданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси ин хатар барои пойдории забони тоҷикӣ ва густариши бесобиқаи он пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва дақиқан дар тамоми вохӯриву суҳбатҳояшон ин мавзуъ ва масъаларо бо таъкид хотиррасон месозанд.

Баъди таълифи ин асари бисёр муҳиму арзишманд баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббус ва сарпарастии Президенти мамлакат чанд сол боз идома меёбад, ба хотири рушду омӯзиши бештару беҳтари ин забони нобу шоирона аст. Дар ҳақиқат, танҳо ин забон моро бо осори гаронбаҳои ниёгонамон шинос месозад ва бароямон ифтихор мебахшад. Осори ин абармардони олами фарҳанг бо забони тоҷикӣ миллати моро дар арсаи ҷаҳон чун миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолор муаррифӣ менамояд.

Роҳбари давлат имрӯз ин масъаларо на танҳо ба миён мегузоранд, балки барои ҳалли дурусташ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳнамоӣ мекунанд ва дастурҳо медиҳанд. Махсусан, аҳли зиёро вазифадор намуданд, ки дар ин радиф фаъолияти ҷиддиву мондагорро сари вақт анҷом диҳанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар як мулоқоташон изҳор доштанд, ки «забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад». Бинобар ин, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида,    ниҳоди махсус бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯз хушбахтона, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ дар баробари забони тоҷикӣ дигар забонҳои гуногуни ҷаҳон низ омӯхта мешаванд.

Нақши Пешвои миллат дар рушду густариши забони модарии мо бесобиқа аст. Ташаббус ва пешниҳодҳои Сарвари давлат дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусияти амалӣ ҳам доранд. Махсусан, нашри асари «Забони миллат — ҳастии миллат» армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо сарчашма аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳод аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои охири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидаанд.

Тавре ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Забони миллат – ҳастии миллат» таъкид намудаанд: «Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст».

Бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мо аст, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад.

Баҳрулло ДАВЛАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳо китоби «Тоҷикон» дар тарҷумаи арабӣ муаррифӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лӯбиёро дар зарфҳои шишагин бояд захира намуд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди китобдорӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
ҲИФЗИ НАЗМУ ТАРТИБОТ ВА СУБОТУ ОРОМӢ. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад
СИТРУСПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 7 навъи меваи ситрусиро парвариш менамояд
Масъалаи ҳамкории Институти Гёте бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶИНОЯТКОРӢ БАЙНИ НОБОЛИҒОН ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД? Баҳри пешгирии он чӣ бояд кард?
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Дар Беларус Рӯзи синамои Тоҷикистон баргузор гардид
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд