Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали V байналмилалии театрии «Санъати театрӣ дар даврони хушбахтӣ» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон намоиши «Наврӯзи Аҷам»-ро пешкаши тамошобинон намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, намоиш, ки ба ҷашни Наврӯз бахшида шудааст, анъанаҳои миллӣ ва мероси ғании фарҳангии тоҷиконро тавассути ҳунари лӯхтакбозӣ, мусиқии зинда ва саҳнаҳои ҷашнӣ муаррифӣ намуд. Дар он расму ойинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла омода кардани суманак, инчунин бозиҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни лӯхтакбозӣ инъикос ёфтанд.
Иштироки ҳунармандони тоҷик дар ин фестивали байналмилалӣ ба муаррифии санъати театрӣ ва арзишҳои миллии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши табодули эҷодӣ байни аҳли ҳунари кишварҳои иштирокдор мусоидат намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон













Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд






