Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд

Ноябрь 7, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябри соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар, соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд. Театр яке аз бахшҳои муҳими фарҳанг дониста мешавад, зеро воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст. Театр чун намуди санъати саҳнавӣ аз навъҳои дигари санъат фарқ дорад.

–Санъати театрии касбии тоҷик таърихи бой ва пурифтихор дорад. Дар Тоҷикистон нахустин  театри касбии мамлакат Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад. Ин боргоҳи ҳунар давоми қариб як асри фаъолият на танҳо маркази фарҳангӣ, балки мактаби бузурги тарбияи ҳувияти миллӣ, забони адабӣ ва маънавияти халқи тоҷик гардидааст.

Бинои ин театр дар «Хонаи деҳқон», собиқ бинои Театри русии ба номи В. Маяковский ҷойгир буд. Аввалин намоиш драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани ҳунармандон кори осон набуд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳунармандони театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон зиёд мешуд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Ефим Исаевич Мителман қарор дошт, ки саҳми ӯ дар рушди театр ва ҷалби мутахассисони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи спектаклҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр талош мекарданд.

Барпокунанда ва аввалин режиссёри театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов мебошад. Сипас ҳунармандони тоҷик аз зумраи Г. Бақоева, С. Тӯйбоева, Ҳ. Раҳматуллоев, М. Қосимов, А. Бурҳонов, М. Халилов, Л. Латифов, А. Азимова ва дигарон ба саҳна омаданд.

Соли 1933 ба театр номи шоир, нависанда ва драматург Абулқосим Лоҳутӣ дода шуд. Саҳми устод Лоҳутӣ дар ташаккули театр беназир аст, зеро ӯ бо назардошти имконияти ин дастаи ҳунарӣ асарҳои ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Маҳз бо кумаки ӯ шоҳкорҳои Вилям Шекспир, аз ҷумла драмаҳои «Отелло», «Шоҳ Лир» ва «Ромео ва Ҷулетта» ба забони ноби тоҷикӣ тарҷума ва ба саҳна гузошта шуданд.

Сипас соли 1939 барои муваффақият ва хизматҳои шоён дар рушди санъати саҳнавӣ ба ин муассиса мақоми «академӣ» дода шуд ва он ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ табдил ёфт.

Соли 1964 театри мазкур аз байни театрҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон якумин шуда, бо панҷ намоиши азим – «Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, «Ромео ва Ҷулетта»-и В. Шекспир, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Н. Островский, «Ҳукми Модар»-и Ф. Ансорӣ ва «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода дар Театри «Поҳандори»-и Афғонистон ҳунарнамоӣ кард.

Театри ба номи Лоҳутӣ гаҳвораест, ки бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистонро тарбия намудааст. Номҳои ҳунармандони тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарпеша ва коргардони нотакрор Аслӣ Бурҳонов, аввалин занони ҳунарпешаи касбӣ Туҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидова дар таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шудаанд. Дар солҳои баъдӣ мактаби мазкурро ҳунарпешагони сатҳи ҷаҳонӣ, ба мисли Ҳошим Гадо, Майрам Исоева, Ато Муҳаммадҷонов ва Хайрӣ Назарова идома доданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин муассиса рисолати худро дар самти эҳёи ҳувияти милливу таърихӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ устувор намуд. Ҳунармандони ин театр дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Дар айни замон роҳбарии ин театрро Абдукарим Машрабов ба уҳда дорад ва ҳамроҳ бо дастаи эҷодӣ ин санъати миллиро пеш мебаранд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 7, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад