Занони соҳибкори шаҳри Панҷакент ба машғулияти омӯзишии Академияи занони соҳибкор ҷалб шуданд

Октябрь 20, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 нафар занони соҳибкори шаҳри Панҷакент  дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба машғулияти омӯзишии Академияи занони соҳибкор ҷалб карда шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар мулоқот бо масъулони татбиқи лоиҳа изҳор шуд, ки дар доираи он барои  баланд бардоштани саводи молиявии занони соҳибкор омӯзонидани таҳияи бизнес-лоиҳаҳо ба онҳо, шиносоӣ бо таҷрибаи соҳибкории занон, аз ҷумла дар самти ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, иштироки занони соҳибкор дар намоишгоҳҳои байналмилалии савдо ва баргузории дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳоло дар шаҳри Панҷакент 8 ҳазору 720 нафар соҳибкори инфиродӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 624 субъекти соҳибкорӣ зиёд аст. 1 ҳазору 140 нафар, ки қисми бештарашон занон ҳастанд, ба ҳунармандӣ машғул мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Октябрь 20, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид