ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки сохторҳои марбутаи соҳаи авиатсионии мамлакат, аз ҷумла Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе конфронси техникӣ оид ба мубодилаи таҷрибаи корӣ барои таъмини бехатарии парвозҳо дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2024-2025 баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.
Мутахассисон доир ба хизматрасонии барқӣ, техникӣ, метеорологӣ ва дигар хизматрасонӣ, ки дар ҳудуди фурудгоҳ аз ҷониби «Тоҷикаэронавигатсия» ва фурудгоҳ пешниҳод мегарданд, табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки бинобар сард шудани ҳаво, фаромадани туман ва бориши борону барф таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ душвор гардида, масъулияти мутахассиони хизматрасонии иттилоотӣ, техникӣ, метеорологӣ ва дигарон зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз ташкили чунин вохӯриҳо ба коҳиш додани хатарҳо ва беҳтар гардидани хизматрасонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Мушкилиҳои ҷойдошта баррасӣ гардида, барои бартараф намудани онҳо чораҳои муассир пешниҳод шуданд.
Дар қисмати дуюми конфронс, ки бо танзимгарон ва мутахассисони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» идома ёфт, мутахассисони соҳибтаҷриба аз таъсири обу ҳаво ва дигар омилҳои манфӣ ёдовар шуданд. Онҳо танзимгаронро даъват карданд, ки ҳангоми иҷрои вазифа зиракӣ ва чусту чолокиро аз даст надода, донишу малакаро дар сатҳи баланд истифода баранд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» омодагӣ ба фаъолияти мунтазаму самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз моҳи августи соли 2024 оғоз гардидааст.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






