Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи Непал ва Афғонистонро дар Душанбе доварӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҳакамони Тоҷикистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Непал ва Афғонистонро, ки 16 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинови 37-сола довари марказии бозӣ хоҳад буд. Ёварони довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод ва Фарҳод Куралов дар хатҳо ба ӯ кумак мекунанд. Довари ФИФА Абдулло Давлатов довари эҳтиётӣ таъйин гардид. Рустам Абдуллоев кори ҳайати доваронро назорат намуда, Ҷовидон Ҳасанов комиссари бозӣ интихоб шуд.
Бояд гуфт, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Непал ва Афғонистон 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






