Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 23 ноябр дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии давлатӣ тавассути гузаронидани ислоҳот дар низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба Ҷумҳурии Молдова сафари омӯзишӣ анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни сафари омӯзишӣ вохӯрии роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ- муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода бо Директори Агентии хадамоти давлатии Молдова ва Департаменти сабти асноди шаҳрвандӣ, Котиби давлатии Вазорати рушди иқтисод ва рақамисозии Ҷумҳурии Молдова, Директори Агентии идоракунии электронии Молдова ва муовини якуми вазири адлияи ин далвват доир шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба нақш ва ваколатҳои ниҳодҳои дахлдор ва экосистемаи мавҷудаи ҳукумати рақамӣ барои системаи муосири расонидани хизматрасонии давлатӣ табодули андеша намуда, масъалаҳои раванди навсозии хизматрасонии давлатӣ, механизми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва раванди рақамикунонии сабтҳои таърихии санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни сафар иштирокчиён ба Маркази «Равзанаи ягона» ва Маркази ягонаи хизматрасонии давлатии Ҷумҳурии Молдова рафта, бо таҷрибаи ин кишвар дар самти амалӣ намудани хизматрасонии рақамӣ шинос шуданд.
Дар доираи сафари омӯзишӣ муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода инчунин бо намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Молдова вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкорӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии давлатиро муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






