Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми «Central Eurasia Siliсon Valley-2024» дар Сан-Франсиско иштирок намуд

Ноябрь 2, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти «IT Park Dushanbe», соҳибкорон, коршиносон ва инчунин тоҷикони муқими Амрико дар силсилачорабиниҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки аз 25 то 30 октябр дар шаҳри Сан-Франсискои Амрико доир гардид, иштирок намуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳошияи Форуми «Central Eurasia Siliсon Valley-2024»

ҳайати Тоҷикистон инчунин дар мавзуи «Ташаккул ва дастгирии экосистемаи Стартап дар Авруосиёи Марказӣ» оид ба имконияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла инфрасохтор ва экосистемаи рақамии Тоҷикистон дар шакли рӯнамо маъруза намуд.

Дар ҳошияи форум байни «IT Park Dushanbe» ва созмондиҳандагони чорабинӣ «Silkroad Innovation Hub», ки дар Сан-Франсиско фаъолият мекунад, дар самти рушди ҳамкории мутақобили судманд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Инчунин ҳайат бобати ҷалби сармояи венчурӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти технологияҳои иттилотӣ –IT дар «TechCrunch Dirupt 2024» иштирок намуда, рӯнамои марбутаи самти фаъолиятро муаррифӣ намуд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд