Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад

Ноябрь 25, 2024 16:44

ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар кори Конфронси 5-уми шарҳи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳо бар зидди пиёдагардон ва нобудсозии онҳо дар шаҳри Сием-Реапи Шоҳигарии Камбоҷа, ки имрӯз оғоз шуд,  иштирок дорад. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири адлия дар бахши ифтитоҳии конфронс изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори санадҳои ҳуқуқии асосии байналмилалӣ оид ба манъи минаҳо бар зидди пиёдагардон буда, бо саъйу талошҳо ва нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба манъи минаҳо бар зидди пиёдагардон ва маҷмуи мушкилиҳои вобаста ба онҳо аҳамияти муҳим медиҳад.

«Ҳукумати ҷумҳурӣ барои манъ ва истифодаи минаҳо бар зидди пиёдагардон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва рушду таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мунтазам тадбирҳои муассир меандешад», — афзуд Музаффар Ашуриён.

Ҳамзамон дар ҳошияи конфронси мазкур Вазири адлияи Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Самдеҷ Моҳа Борвор Типадеи Ҳан Манет ва муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсия Алисдаҳбана мулоқот анҷом дод.

Конфронси шарҳи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳо бар зидди пиёдагардон ва нобудсозии онҳо аз 25 то 29 ноябр идома меёбад.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд