Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид

Ноябрь 19, 2024 08:49

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақвият меёбад.

Вобаста ба андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду ҷониб, пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо таклифҳои судманд пешниҳод  шуданд.

Дар идомаи ҷаласа нақшаи кори вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2025 тасдиқ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Инчунин дар ҷаласа нақшаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд