Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақвият меёбад.
Вобаста ба андешидани тадбирҳо дар самти такмил додани ҳамкорӣ байни воҳидҳои тафтишотии вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду ҷониб, пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳо вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо таклифҳои судманд пешниҳод шуданд.
Дар идомаи ҷаласа нақшаи кори вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2025 тасдиқ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Инчунин дар ҷаласа нақшаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






