Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух бо сардори Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкин ҷаноби Чан Хепин баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Зимни мулоқот, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини суботу оромӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушд меёбад.
Дар асоси санадҳои ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати ҷамъиятии бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкин ҳамкории доимӣ дорад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд






