Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар мавзуи нақш ва аҳамияти қабули Конститутсия дар барқарории сулҳу субот ва роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ сухан намуда, гуфт, ки нақш ва аҳамияти қабули Конститутсия дар раванди истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Қабули Конститутсия дар он шароити ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик имконияти эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам оварда, низом ва тартиботро дар ҷомеа барқарор кард. Агарчи миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия расид, вале паёму пайғом ва башорати сулҳу субот аз замони қабул дар ҳар муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ ҳувайдо буд ва он роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллатро равшан намуд. Ин аст, ки қабули Конститутсия ба сифати яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи соҳибихтиёрии мамлакат шинохта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.
Ҳамчунин дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба ин санади сарнавиштсози миллат маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Ба андешаи маърузачиён, бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад.
Иброз гардид, ки мардуми Тоҷикистон баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Таъкид гардид, ки донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандиро хуб анҷом дода метавонад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






