Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!

Ноябрь 8, 2024 11:43

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр сокинони шаҳри Душанбе фурсати  беназире доранд, ки бо бозигарони дӯстдоштаи худ аз  дастаи миллии футболи ҷумҳурӣ суҳбат кунанд ва тӯбҳоро бо соядасти онҳо  туҳфа  гиранд. Ҳамчун макони мулоқот  толорҳои алоқаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интихоб гардиданд. Ҳамин тавр  оператор орзуи ҳазорҳо мухлисон, аз ҷумла наврасонро барои имконияти вохӯрӣ  бо ашхоси маъруф  амалӣ менамояд.

Соати 11:00  ба толорҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов ва ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов меоянд. Мухлисон метавонанд аксу наворҳои ҷолиб  гирифта, онҳоро дар рилсҳо  ва сторисҳо  гузоранд,  саволҳо диҳанд ва аз ситораҳо соядаст  гиранд. Меҳмонони  толорҳои   алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» дар хиёбони Неъмат Қарабоев, 92/1 ва кӯчаи  Шамсӣ, 23 (МС «Саодат»)  барои  мулоқот бо  футболбозони номдор имконияти муносиб пайдо менамоянд.

Соати 16:00 дарвозабон Рустам Ятимов ва ҳимоятгар Аҳтам Назаров эстафетаро ба даст мегиранд. Онҳо мухлисони худро дар толорҳои алоқаи шаҳри  Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 89 ва хиёбони Рӯдакӣ, 57  истиқбол гирифта, соядаст  мегузоранд.

Дар ҳар кадоме аз ин  чаҳор толори алоқаи  «МегаФон Тоҷикистон» иштирокчиёнро туҳфаҳо  аз ҷониби оператор интизоранд. 100 мухлиси аввалин тӯбҳои махсусро бо имзои бозигарони дастаи мунтахаб соҳиб мегарданд. Он як ашёи олии меросии оилавӣ барои дӯстдорони варзиши калон  ба ҳисоб меравад.

Аз МегаФон Тоҷикистон дигар туҳфаҳо низ хоҳанд буд. Аввалин шахсе, ки ба толори алоқа  барои вохӯрӣ бо футболбозон меояд, рақами тиллоии ройгон ба даст меорад. Боқимондаҳо метавонанд рақамҳои категорияи «Тилло 500»-ро бо тахфифи калон – на бо нархи 500 сомонӣ, балки бо 150 сомонӣ харидорӣ намуда, лавозимоти мобилиро туҳфа гиранд.  Дар вақти худи ҳамон ҷо пайваст кардани  тарофаи   «Биё! Бисоз  Life»  бо пардохти абонентии аз  100 сомонӣ ва зиёдтар давоми шаш моҳи оянда  трафики интернети дучандро истифода бурдан мумкин аст.  Ин фурсати  хуб   барои дидани  толори   аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар ин рӯз маҳсуб мешавад.

Фурсати вохӯрӣ бо футболбозони шуҳратманди дастаи миллии ҷумҳуриро аз даст надиҳед! 14 ноябр дар толорҳои   алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» вомехӯрем.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 8, 2024 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт