Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр сокинони шаҳри Душанбе фурсати беназире доранд, ки бо бозигарони дӯстдоштаи худ аз дастаи миллии футболи ҷумҳурӣ суҳбат кунанд ва тӯбҳоро бо соядасти онҳо туҳфа гиранд. Ҳамчун макони мулоқот толорҳои алоқаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интихоб гардиданд. Ҳамин тавр оператор орзуи ҳазорҳо мухлисон, аз ҷумла наврасонро барои имконияти вохӯрӣ бо ашхоси маъруф амалӣ менамояд.
Соати 11:00 ба толорҳои ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов ва ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов меоянд. Мухлисон метавонанд аксу наворҳои ҷолиб гирифта, онҳоро дар рилсҳо ва сторисҳо гузоранд, саволҳо диҳанд ва аз ситораҳо соядаст гиранд. Меҳмонони толорҳои алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» дар хиёбони Неъмат Қарабоев, 92/1 ва кӯчаи Шамсӣ, 23 (МС «Саодат») барои мулоқот бо футболбозони номдор имконияти муносиб пайдо менамоянд.
Соати 16:00 дарвозабон Рустам Ятимов ва ҳимоятгар Аҳтам Назаров эстафетаро ба даст мегиранд. Онҳо мухлисони худро дар толорҳои алоқаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 89 ва хиёбони Рӯдакӣ, 57 истиқбол гирифта, соядаст мегузоранд.
Дар ҳар кадоме аз ин чаҳор толори алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» иштирокчиёнро туҳфаҳо аз ҷониби оператор интизоранд. 100 мухлиси аввалин тӯбҳои махсусро бо имзои бозигарони дастаи мунтахаб соҳиб мегарданд. Он як ашёи олии меросии оилавӣ барои дӯстдорони варзиши калон ба ҳисоб меравад.
Аз МегаФон Тоҷикистон дигар туҳфаҳо низ хоҳанд буд. Аввалин шахсе, ки ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо футболбозон меояд, рақами тиллоии ройгон ба даст меорад. Боқимондаҳо метавонанд рақамҳои категорияи «Тилло 500»-ро бо тахфифи калон – на бо нархи 500 сомонӣ, балки бо 150 сомонӣ харидорӣ намуда, лавозимоти мобилиро туҳфа гиранд. Дар вақти худи ҳамон ҷо пайваст кардани тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо пардохти абонентии аз 100 сомонӣ ва зиёдтар давоми шаш моҳи оянда трафики интернети дучандро истифода бурдан мумкин аст. Ин фурсати хуб барои дидани толори аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар ин рӯз маҳсуб мешавад.
Фурсати вохӯрӣ бо футболбозони шуҳратманди дастаи миллии ҷумҳуриро аз даст надиҳед! 14 ноябр дар толорҳои алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» вомехӯрем.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






