Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад

Ноябрь 22, 2024 12:50

ДУШАНБЕ, 22.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 ноябр бозии мавқуфмондаи даври 18-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 14:00 оғоз мегардад. Пас аз анҷоми ин вохӯрӣ аз тарафи Лигаи футболи Тоҷикистон ба бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷом ва медалҳои Чемпионати Тоҷикистон супорида мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки пас аз анҷоми бозии даври 21-уми Лигаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе панҷ бозӣ пеш аз анҷоми чемпионати мамлакат бо 48 имтиёз соҳиби унвони чемпионӣ гардида буд.

Барои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин сездаҳумин медали тилло аст. Қаблан дастаи  «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2023 чемпиони Тоҷикистон шуда буд.

Ҳоло дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе бо 50 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад. Дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими оянда тарки Лигаи олӣ мекунад. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ бо дастае, ки зинаи дуюмро дар Лигаи якуми Тоҷикистон ишғол мекунад, рақобатҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад