Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи Конститутсияи нав якчанд ҳуҷҷату санадҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки муҳимтарини онҳо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақоми зан дар ҷомеа, рушди маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим ва таълиму тарбияи фарзанд мебошанд. Чунин гуфта шуд дар ҷамъомади идонае, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва дигар иштирокдорон доир ба марҳилаи таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди қонунгузории мамлакат сухан намуданд.
Гуфта шуд, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат ба марҳилаи нави бунёдкорӣ ворид гардида, рукнҳои давлатдорӣ тақвият ёфтанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки ба низоми давлатсозӣ, зиндагонии босаодати халқ, ҳуқуқу озодиҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баробарӣ, кору таҳсил, эътиқоди динӣ ва ҳама паҳлуҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона гардидааст, барои ҳар шаҳрванд ва сокинони мамлакат санади сарнавиштсоз маҳсуб мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






