Бахшида ба Рӯзи Президент дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва солгарди навбатии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Имрӯзҳо Сарвари давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти муътабар, созандаву сулҳовар ва ходими намоёни давлатию сиёсӣ мешиносанд.
Таъкид гардид, ки хизматҳои шоистаи Сарвари давлатро дар роҳи эҳёи давлати миллӣ ва саҳми бузургашонро дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ ба назар гирифта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сазовор дониста шуд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бо гузаштан ба шакли идораи президентӣ ва саъю кӯшиши Пешвои миллат мамлакат рӯ ба ободӣ овард. Чор ҳадафи муҳими стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аз ташаббусҳои Сарвари давлат мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






