Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад

Ноябрь 20, 2024 18:00

 МУЪМИНОБОД, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи марказии ноҳияи  Муъминобод навсозӣ мегардад. Тавре ба хабаринигори минтақавии АМИТ «Ховар»  сартабиби беморхона Самандар Давлатов иттилоъ дод, корҳои таъмирӣ дар беморхона аз моҳи июли соли равон оғоз шуда, ҳоло корҳои равшаннамоӣ ва таъмини оби нӯшокӣ  анҷом ёфтаанд.

Бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 10 миллион  сомонӣ  сохтмон идома дошта, дар 5 қисми бино корҳо  ба итмом расонида мешаванд.

Инчунин  аз ҷониби соҳибкорон дар ҳар ҳуҷраи беморон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Барои муолиҷа ва солим гардонидани беморон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ ворид карда шудааст.

Ҳоло таъмири асосии қисми дарунӣ ва берунии бинои беморхона идома дошта,  рӯзҳои наздик ба итмом мерасад.

Роҳбарони Беморхонаи марказӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025  ҳамаҷониба омодагӣ дида, ба қадри кофӣ ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира намудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик