Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
МУЪМИНОБОД, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад. Тавре ба хабаринигори минтақавии АМИТ «Ховар» сартабиби беморхона Самандар Давлатов иттилоъ дод, корҳои таъмирӣ дар беморхона аз моҳи июли соли равон оғоз шуда, ҳоло корҳои равшаннамоӣ ва таъмини оби нӯшокӣ анҷом ёфтаанд.
Бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 10 миллион сомонӣ сохтмон идома дошта, дар 5 қисми бино корҳо ба итмом расонида мешаванд.
Инчунин аз ҷониби соҳибкорон дар ҳар ҳуҷраи беморон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Барои муолиҷа ва солим гардонидани беморон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ ворид карда шудааст.
Ҳоло таъмири асосии қисми дарунӣ ва берунии бинои беморхона идома дошта, рӯзҳои наздик ба итмом мерасад.
Роҳбарони Беморхонаи марказӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ҳамаҷониба омодагӣ дида, ба қадри кофӣ ангишт, ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира намудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






