Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Сири, ба ман як мусиқии ҷолиб пайдо кунед! Google, ба ман хотиррасон кунед, ки соати 12:00 ба мизоҷ занг занам!». Сокинони Тоҷикистон ҳарчи бештар бо смартфонҳо, телевизорҳо ва баландгӯякҳои ҳушманд сухан мегӯянд. Вале, аксари ёварони овозӣ дар хориҷа сохта шудаанд ва ба монанди Amazon Alexa ё Xiaomi Smart Assistant танҳо бо забони англисӣ муошират карда метавонанд. Зимнан, истиснои гуворо низ ҳаст. Мо мегӯем, ки дар кадом ҳолатҳо ёварони овозӣ метавонанд кумак кунанд, аммо огоҳ месозем, ки оид ба ҳама вазифаҳои ҳар воситаи ёвар сухан намеравад.
Ёвари овозӣ, паёмакро нависед!
Биёед аз як намунаи нодири ёвари овозӣ, ки бо забони тоҷикӣ муошират карда метавонад, оғоз кунем. Таҳияи нави МегаФон Тоҷикистон дар ҳолати озмоишӣ Ёвари Овозӣ ном дорад. Он дар чат-боти Telegram кор мекунад ва барои мубодилаи паёмакҳо дар ҳолате, ки ба ҳамсуҳбат занг зада намешавад, масалан, ӯ дар маҷлис аст ва ҷавоб дода наметавонад, имкон медиҳад. Бо пешниҳоди воситаи ёвар шахси занггузор паёмро мегӯяд ва ба қабулкунанда СМС бо истинод ба канали телеграмм ворид мегардад, ки дар он дилхоҳ вақт сабтро гӯш кардан мумкин аст.
Аллакай дар оғоз ёвари овозии оператор ҳам дар шакли ройгон ва ҳам дар намуди премиум бо нархи 5 сомонӣ дар як моҳ дастрас аст. Дар варианти пулакӣ корбар метавонад масалан, интихоб кунад, ки роботи ёвар бо кадом овоз сухан мегӯяд, бо овози мард ё зан. Қабулкунанда метавонад на танҳо гӯш кунад, балки паёмҳоро хонад, зеро воситаи ёвар сабти аслии аудиоиро ба қолаби матн табдил медиҳад. Худатон фикр кунед, ки кадомаш мувофиқтар аст.
Сбер, пулро интиқол бидеҳ!
Ёрдамчии маҷозии бонк, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аз хизматаш истифода мебаранд, «Салют» ном дорад. Шумо метавонед дар бораи ҳолати суратҳисоб пурсед, таърихи транзаксияро тафтиш кунед, маблағҳоро интиқол диҳед. Танҳо дар смартфони худ барномаи мобилии бонкро кушоед ва ба таври шифоҳӣ, масалан, дар бораи пардохти маблағи алоқаи мобилӣ бипурсед.
Маруся, як афсона нақл бикун!
Ёвари овозӣ, ки дар бисёре аз хизматрасониҳои «Вконтакте» ҳамгироӣ шудааст, як «мураббияи» хуб ҳисобида мешавад. Маруся метавонад овози кӯдаконро бишносад ва реҷаи бехатарро фаъол намояд, бо ин роҳ кӯдак аз контенти номатлуб муҳофизат карда мешавад. Вай метавонад афсона нақл кунад, аз VK мусиқии мувофиқ интихоб намояд ва дар омӯзиши фанҳои мактабӣ кумак расонад. Дар умум, шумораи функсияҳои Маруся аз 800 зиёд аст.
Алиса, дар хариди костюм кумак намо!
Таҳияи ширкати «Яндекс» низ як ҳамсуҳбати мукаммал мебошад. Масалан, ронандагон аксар вақт Алисаро барои нақшаи хатсайри сафари худ истифода мебаранд. Хизматрасонии ба наздикӣ ба роҳ монда ба ёвари овозӣ имкон медиҳад, ки молу хизматрасониҳоро аз мағозаҳои интернетӣ пайдо намояд. Алиса на танҳо чангкашак ё костюмро бо нархи мувофиқ интихоб мекунад, балки бо риояи фармонҳои корбар фармоиш тартиб медиҳад.
Сири, Stray kids-ро фаъол намо!
Зимнан, агар шумо мухлиси гурӯҳи писарони кореягӣ набошед, метавонед ягон суруди дигарро пахш кунед. Apple Siri дар байни коршиносон ҳамчун беҳтарин ёвари овозӣ барои ҷустуҷӯи мусиқӣ шинохта шудааст, вале он танҳо дар дастгоҳҳои Apple дастрас аст. Барои истифодаи Apple Music низ як баландгӯяки ҳушманди ҳамин бренд зарур мешавад.
Google, пагоҳ соати ҳашт маро бедор кун!
Номи пурраи ин ёвари шахсӣ барои дастгоҳҳои Android ва баландгӯякҳои ҳушманд — Google Ассистент мебошад. Вай медонад, ки чӣ тавр занги соатро барои вақти зарурӣ дуруст кунад, дар хусуси занги муҳим хотиррасон намояд ва паролҳоро дар хотир нигоҳ дорад.
Ёвари овозиеро интихоб кунед, ки ба шумо дар ҳалли масъалаҳои ҳаррӯза кумак карда тавонад. Танҳо дар хотир доред, ки шумо ҳоло бо робот гап мезанед.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Тарофаҳои нав барои Суғд: интернети бештар бо нархи дастрас!






