Дар 10 моҳи имсол дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. То якуми ноябр дар вилояти Суғд 80 525 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 578 оила зиёд аст. Дар 10 моҳи имсол дар вилояти Суғд 1559 тонна асал истеҳсол шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни баргузории Фестивали асал, картошка ва анор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «Барномаи маҷмуавии рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 оилаи занбӯри асал ва 400 модарзанбӯри зотӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва беҳтар кардани зот дастрас карда шуд.
Дар вилояти Суғд занбӯрпарвари соҳибтаҷриба Очилбой Ҳабибов 1000 оилаи занбӯри асал парвариш менамояд. Аз ҳамин ҳисоб ҳамасола 1000 оилаи занбӯри асалро ба дигар хоҷагиҳо фурӯхта, фоидаи иловагӣ мегирад.
Занбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Коршиносони соҳа исбот намудаанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили зироату боғот ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал, аз қабили асал, мум, прополис, гарди гул, шираи модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра дар дохил ва хориҷи мамлакат боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад. Аз ин рӯ занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 275,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Имсол занбӯрпарварони мамлакат 4260 тонна асал истеҳсол намуданд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






