Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сенати парлумони федеролии Австралия тарҳи қонуни пешниҳоднамудаи ҳукуматро дар бораи манъи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола ба тасвиб расонид. Дар ин хусус ТАСС иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи маълумоте, ки парлумон нашр кардааст, лоиҳаи қонун аз ҷониби аксари сенаторҳо ҷонибдорӣ гардида, қонуни нав баъди 12 моҳ эътибор пайдо мекунад. Баъди ин ба наврасон ташкили аккаунту саҳифаҳо дар Instagram ва Facebook, инчунин дар Snapchat, TikTok, Reddit ва шабакаи иҷтимоии X манъ карда мешавад.
Ҳукумати Австралия қонуне пешниҳод кардааст, ки синни корбарони шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд менамояд. Тибқи ин санад, ба қонунгузории амалкунанда, ки амнияти интернетро танзим мекунад, бо мақсади манъи дастрасии наврасони то 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ тағйирот ворид карда мешавад.
Баъди таҳияи механизмҳои мониторинги иҷрои қоидаҳои нав роҳбарияти давлат аз ширкатҳои технологӣ ва маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ талаб мекунад, ки барои назорати синни корбарон тадбирҳои оқилона андешанд. Барои вайрон кардани ин талабот онҳо ба маблағи 32,2 миллион доллар ҷарима хоҳанд шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






