Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи даври 17-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни ҳам рақобат карданд. Вохӯрии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба поён расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ футболбозони ҳарду даста фурсатҳои зиёди голзанӣ доштанд, вале онҳоро самаранок истифода бурда натавонистанд. Бояд гуфт, ки ин мусовии 10-уми дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозиҳои байнихудӣ дар Лигаи олӣ буд. Ҳамчунин дар 37 бозие, ки дастаҳо дар Лигаи олӣ доштанд, 23 ғалаба ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва 4 ғалаба ба фоидаи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аст.
Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе зафар ёфта, дар финал дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро мағлуб кард ва барандаи ҷоми ин мусобиқа дар соли 2024 гардид. Ҳоло пас аз мусовӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 50 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа буда, пеш аз муҳлат аллакай унвони чемпиониро соҳиб шуд. Барои дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин сенздаҳумин медали тилло дар таърихи бошгоҳ аст. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 31 имтиёз дар зинаи 7-ум аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






