Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид

Ноябрь 1, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун ба кор оғоз намуд, ки дар он намояндагони вазоратҳои адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ иштирок доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маҷмуъ дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъ 400 нафар иштирок доранд.

Зимни оғози форум Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки Форуми миллӣ майдони муколама байни ҳуқуқшиносон, олимони соҳаи ҳуқуқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳод барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Ба таъкиди вазир, дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дошта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Мақсад аз баргузории форум- ин муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, кори он дар рушд ва таҳким бахшидани қонгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.

Дар форум мавзуъҳо оид ба «Рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он: адлияи рақамӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ», «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва экстремизм: дастовард, мушкилот ва дурнамо» ва дигар мавзуъҳо муҳокима мешаванд.

Ҳамзамон дар натиҷаи муҳокимарониҳо дар фарҷоми форум тавсияҳо қабул гардида, ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда мешаванд.

Шаҳлои Садриддин,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад