Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид

Ноябрь 28, 2024 15:08

ДУШАНБЕ, 28.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид, ки дар он Эъломияи Душанбе қабул шуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар нишаст намояндагони кишварҳои иштирокчии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, донорҳо ва ҷомеаи илмӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои Форуми иқтисодии Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ СПЕКА-2024 бо мавзуи «Рушди «сабз» дар минтақаи СПЕКА» баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон зимни форум масъалаҳои рушди устувор, табдили энергетика, самаранокии захираҳо ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуда, иштирокчиён бар зарурати рушди «сабз» ҳамчун унсури асосии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар минтақаи СПЕКА таъкид намуданд.

Аҳлиддин Нуриддинзода нақши ташаббусҳои Тоҷикистонро дар пешбурди муҳокимарониҳои форум иброз намуд. Ӯ изҳор дошт, ки пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 диққати ҷаҳонро ба масъалаи ҳифзи захираҳои обӣ ҷалб намуд. Он инчунин зарурати ҳамкории минтақавию байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим таъкид кард.

Яке аз натиҷаҳои муҳими форум қабули Эъломияи Душанбе буд, ки ба ҳамгироии устувор дар сиёсати миллӣ ва минтақавии кишварҳои Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) равона шудааст. Ин ҳуҷҷат афзалияти муштараки кишварҳои иштирокчии СПЕКА, аз ҷумла пешбурди рақамисозии савдо, таҳкими низоми энергетикаи устувор ва муқовимат ба тағйирёбии иқлимро дар бар мегирад.

Дар анҷоми ҷаласа барои таҳкими ҳамкории минбаъда ва иҷрои ташаббусҳо ва ҳадафҳои муштараки кишварҳои СПЕКА дар соҳаҳои мухталиф қарорҳо қабул карда шуданд.

Нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА ба таври расмӣ пӯшида эълон шуд.

Дар асоси пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи ноябри соли 2023 дар Саммити СПЕКА дар шаҳри Боку иброз гардид, рушди иқтисоди «сабз» ҳамчун мавзуи асосии баррасигардида дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Хушбахтона, ҳафтаи СПЕКА- 25-28 ноябри соли равон бобарор баргузор гардид. Ҳафтаи СПЕКА аз чорабиниҳои канорӣ, Форуми иқтисодӣ ва ҷаласаи 19 Шурои роҳбарикунанда иборат буд.

Мавзуи асосии баррасишуда дар чорабиниҳои СПЕКА рушди иқтисоди «сабз» буд. Аз рӯйи натиҷаи чорабиниҳои Эъломияи Душанбе Қарори Шурои роҳбарикунанда қабул карда шуд, ки дар он қадамҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дарҷ гардидааст. Санади дигари муҳиме, ки қабул карда шуд, ин Консепсияи рушди СПЕКА то соли 2030 буд. Дар ин ҳуҷҷатҳо ҳама самтҳои афзалиятнок ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар доираи фаъолияти барнома, аз қабили сармоягузорӣ, савдо, муҳити зист, инноватсия, энергетика ва ғайра инъикос ёфтаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои грантӣ ба имзо расиданд
Байни Тоҷикистон ва Миср Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар масъалаҳои гумрукӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»