Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид

Ноябрь 26, 2024 18:08

ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ Аюб Усмонзода таъкид намуд, ки «Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун дастури созанда барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуд. Зимни пешниҳоди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд ва таъкид доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Аз тарафи Президенти мамлакат пешниҳод шуд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардад ва дар ин хусус 30 декабр Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид.

Фароҳамсозии  муҳиту фазои ором ва осоиштаи ҳаёти ҷомеа, қабл аз ҳама, эҳтироми қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини волоияти қонунро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд эҳтиром нисбат ба қонунро омӯзем ва аз чаҳорчӯбаи Конститутсия берун набароем».

Дар конференсия директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми директори ин марказ дар мавзуъҳои «Эълон гардидани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ: мафҳум, мақсад ва заминаҳои конститутсионӣ — ҳуқуқии он» ва «Рушди низоми қонунгузорӣ дар масири 30 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуданд.

Таъкид шуд, ки фаъолият дар соҳаи муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро ҷиноят ба муҳити маънавии ҷомеа зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар ин ҷода ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳли ҷомеа ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ноябрь 26, 2024 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад