Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 19, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насли солим»,  бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк», коргоҳи бандубасти офтобпарасти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Махкамов», қаҳвахонаи «Сайҳун», Маркази савдо ва хизматрасонии «Ёвар», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солиев С.К.», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ордии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фархунда» ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, толор ва ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар лавозимоти муосири соҳаи бонкдорӣ таъмин гардидаанд.

Баробари ба истифода додани бинои нави филиали «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Хуҷанд 120 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Аз ин шумора 34 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Дар Маркази ташхисию табобатии «Насли солим» 30 кати хоб мавҷуд буда, барои ташхис ва табобати беморон 25 нафар, аз ҷумла 6 табиби дараҷаи олӣ, 14 корманди миёнаи тиб ва 5 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар ин марказ ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони таҷрибадор бо усули замонавӣ беш аз 50 намуд хизмати тиббӣ пешниҳод мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 19, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд