Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маркази нави ташхисию табобатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насли солим», бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк», коргоҳи бандубасти офтобпарасти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Махкамов», қаҳвахонаи «Сайҳун», Маркази савдо ва хизматрасонии «Ёвар», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солиев С.К.», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ордии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фархунда» ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, толор ва ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар лавозимоти муосири соҳаи бонкдорӣ таъмин гардидаанд.
Баробари ба истифода додани бинои нави филиали «Душанбе Сити Бонк» дар шаҳри Хуҷанд 120 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Аз ин шумора 34 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Маркази ташхисию табобатии «Насли солим» 30 кати хоб мавҷуд буда, барои ташхис ва табобати беморон 25 нафар, аз ҷумла 6 табиби дараҷаи олӣ, 14 корманди миёнаи тиб ва 5 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар ин марказ ба мизоҷон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони таҷрибадор бо усули замонавӣ беш аз 50 намуд хизмати тиббӣ пешниҳод мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






