Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 23, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ хабар доданд.

Иброз гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯстиву бародарии ҳама миллатҳои он ба шумор меравад.

Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҷалб менамояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз таърихи куҳани парчамсозиву парчамдории тоҷикон буда, исботи он аст, ки гузаштагони мо- қавмҳои ориёию Куруши Кабир ва Коваи бузург соҳиби парчам буданд. Парчами давлатӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии ин сарзамини аҷдодӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон нишони соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми ҷумҳурӣ аз дигар иқдоми муҳими иҷлосияи таърихӣ буд. Зеро давлати соҳибистиқлоли тоҷикон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24 ноябрро мо ҷашни умумимиллӣ эълон кардем, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад».

АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»

Ноябрь 23, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад