Дар мавзуи «Асолат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият» конференсия доир шуд

Ноябрь 13, 2024 17:09

ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Асолат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар даврони истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.

Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода иброз намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурии мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башарият мебошанд.

Дар даврони истиқлолият Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, соли 2018 дар ҷумҳурӣ «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Ин дар роҳи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Иброз гардид, ки тоҷикон аз азал бо шоҳкориҳо байни дигар қавму миллатҳо намунаи ибрат буданд ва маҳз бо ба мерос гузоштани ин шоҳкориҳо расму оини худро аз насл ба насл гузарониданд.

Кори конференсия дар ду бахш идома ёфта, омӯзгорони донишкада роҷеъ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, рушди санъати тасвирӣ, шаклгирии санъати ороиши амалӣ ва дигар ҷанбаҳо сухан намуданд.

АКС:Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Ноябрь 13, 2024 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд